Як сокини Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии тилло датгир шудааст, ки аз ӯ наздики 42 гр хокаи ин металл мусодира гардидааст.

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт марди 42-солаи сокини кӯчаи Хӯҷамбиёи поёни шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.

Ҳангоми кофтукови шахси аз ҷайби номбурда як миқдор хокаи металлҳои ба хуллаи тилло монанд дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо хокаи хуллаи металли қиматбаҳои тилло буда, вазни умумиашон 41,82 грамм ва арзишашон 13 ҳазору 701 сомониро ташкил медодааст.

Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий