Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафир, роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амнияти ҳамкориҳои Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот кард.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки САҲА шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи ба дастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёби менамояд. Хурсандибахш аст, ки ин мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст.

Ҷаласаҳои ҳарсолаи САҲА ба анъана табдил ёфтааст ва ин пеш аз ҳама гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин роҷеъ ба вазъи озодии матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, афзуд, ки нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдодҳо, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле  назаррас аст. Дар замони  соҳибистиқлолӣ  теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла ҷониби САҲА ба сатҳи ҳамкорӣ дар таҳияи қонунгузории Тоҷикистон баҳои баланд дод.

— Бо мақсади муҳокимаи нақшаҳои ояндаи мо оид ба дастгирии парлумон дар таҳияи раванди таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳои муштарак мо ҳамеша омодаем ба Маҷлиси намояндагон кумак расонем, — гуфт дар анҷоми мулоқот роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе  Валериу Кивер.

Дар мулоқот ҳамчунин мушовири аршади кумитаи мазкур Наҷибулло Оқилзода ва Илгар Иброҳимлӣ –мушовири масъалаҳои рушди ВАО-и дафтари САҲА дар Душанбе иштирок карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here