Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон рӯзи душанбе дар шаҳри Тошканд мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА доир гардид. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба ривоҷи минтақавӣ ва вазъияти Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон  Мухтор Тлеубердӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков,  Ҷумҳурии Туркманистон Рашид Мередов, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва котиби давлатии ИМА  Майкл Помпео ширкат карданд.

Қайд гардид, ки ин вохӯрӣ дар пайи ҷаласаи шаҳри Самарқанд, ки соли 2015 роҳандозӣ шуда буд ва пуштибонӣ аз ҳамкориҳои манфиатбахш ва механизми тавсеа бахшидани онро мадди назар дошт, баргузор мегардад. Ҳамчунин, вазирони хориҷаи шаш кишвар таъкид карданд, ки робитаҳо дар чаҳорчӯби “С5+1” беш аз пеш ривоҷ меёбад.

Гуфта шуд, ки нақшаҳо ҷиҳати ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, барқ, нақлиёт, экология ва амният ба оҳистагӣ дар амал пиёда мешаванд. Ҳамчунин, дар мулоқоти Тошканд масъалаҳои минтақавӣ, хосатан, авзоъи Афғонистон, ба таври васеъ муҳокима гардид.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, дар ҷараёни сафар Майкл Помпео аз ҷониби вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба ҳузур пазируфта шуд. Он нукта таъкид гардид, ки баъзе лаҳзаҳои барои ҳарду тараф ногувор ва омилҳое, ки дар тавсеаи робитаҳои Ӯзбекистон ва ИМА халал эҷод менамоянд, бояд аз байн бардошта шаванд.

Тавре ки Абдулазиз Комилов изҳор кард, вай гуфта метавонад, ки ҳамкории миёни ду кишвар дар қуллаи рушд қарор дорад. Муносибатҳо устувор ривоҷ меёбанд ва дар оянда низ талош ба харҷ дода хоҳад шуд, ки роҳҳои беҳтару манфиатбахши ҳамкориҳои стратегии миёни Ӯзбекистон ва ИМА ҷустуҷӯ шаванд.

– Мо тарафдори таҳкими субот ва ривоҷи Осиёи Марказӣ ҳастем ва дар ин маврид платформаи дипломатии “С5+1” хеле мусоидат хоҳад кард, – гуфт Абдулазиз Комилов.

Интизор меравад, ки Президент Шавкат Мирзиёев вазири хориҷаи Амрико Майкл Помпеоро ба ҳузур пазирад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here