Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия вохӯрии вакилони МНМО бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.

Аз хадамоти матбуоти МН ба «Фараж» гуфтанд, мулоқот имрӯз, 15-уми март, дар бинои Консулгарии генералии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он вакилони мардумӣ Шариф Раҳимзода, Лутфия Раҷабова, Сафаралӣ Раҷабов ва консули генералӣ Давлаталӣ Назризода ширкат кардаанд.

Вакилон мавқеи созанда ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашударо дар раванди тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, таъмини суботу оромӣ ва заминаи мусоид барои рушди устувор дар минтақа, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шарҳ додаанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён масъалаҳои авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба рӯйхати ихроҷшудагон ворид шудаанд ва айни ҳол дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд, гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои Русия ва дигар масъалаҳои доғи рӯзро ба миён гузошта, аз намояндагони парламент хоҳиш кардаанд, ки барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Добавить комментарий