Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Михаил Козлов ва ҳамроҳони ӯ, бо ҳоҳиши онҳо мулоқот кард.

Муҳимтарин мавзӯъҳои гуфтугӯи байни парлумонҳои ду кишвар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Маскав дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкориҳои парлумонӣ, муносиботи дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ба шумор мерафт.

Зикр гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  парлумони Федератсияи Русия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои мутақобилаи Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва ҳамин тавр сафари намояндагони расмии сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар тамоми арсаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овардаанд.

Мавсуф дар идомаи сӯҳбатҳои худ аз дастгирӣ ва пуштибонии Федератсияи Русия аз мавқеи кишвари мо дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуда, ҳамзамон зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои хеш бо ин кишвари дуст дар ҳамаи соҳаҳо манфиатдор аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки имрӯз ҳайатҳои парлумонии Руссия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни баӣналмилалӣ, аз ҷумла  Иттиҳоди баӣнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии САҲА, ассамблеяҳои баӣнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ, Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва СААД ҳамкории устувор ва фаъол дорад.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин ба масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият дар бахшҳои зикргардида заминаи ҳуқуқӣ эҷод мекунанд.

Зимни ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар  минтақаи Федератсияи Русия барои кор омадаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани якқатор сабукиҳо дар раванди кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Русия шароити хуберо барои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар фароҳам меорад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо Руссия мо аҳамияти бештарро ба соҳаи маориф равона мекунем, зеро ба андешаи мо маҳз ҳамин соҳа маҷмӯи арзишҳои равобити моро ташкил медиҳад. Мисоли равшани ин таваҷҷуҳ ин густариши омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурии мо ба шумор меравад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни қавму миллатҳо дарҷ гардида, зиёда аз ин он дар якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” асоси қонуниро касб кардааст. Дар қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” имкониятҳои муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва гирифтани ҷавоб ба онҳо ба забонҳои давлатӣ ва русӣ ба назар гирифта шудааст. Дар реҷаи кории Маҷлиси намояндагон ҳолати пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо бо ду забон мавҷуд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ ҳамчун забони корӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва илмиву амалӣ истифода мешавад.  

Бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ аз синфи 2 оғоз мешавад.

Дар охирҳои моҳи август ба шаҳри Душанбе 50 омӯзгор аз Россия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар ба кор ҷалб шуданд.

Мо боварӣ дорем, ки ин мулоқот барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ ва манофеи стратегии кишварҳои мо кумак мекунад,- гуфт дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Роҳбари ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Руссия Михаил Козлов изҳор намуд, ки  мо ҳамеша хостори таҳкими беш аз пеши муносибот бо парлумони Тоҷикистон буда, умед дорем сафари мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар тамоми заминаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

 Дар мулоқот ҳамчунин  Олим Салимзода-раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Маҷидзода Ҷурахон Зоир – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Шарипов Садридин – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникация, вакилони мардумӣ  Тағоймуродов Анвар,  Қудратов Рустам ва Лякин Фролов Игор–Сафири  фавқулодда ва мухтори Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Добавить комментарий