Тадбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рӯзи 26-уми сентябр аз ҷониби муовини аввали Раиси МНМО кишвар Абдуҷаббор Азизӣбо ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта мавриди баррасӣқарор гирифтааст.

Тибқи иттилои котиби матбуотии МН Муҳамадато Султонов,  Азизӣзимни баррасии ин масъала иброз намудааст, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

-Ҳуҷҷати мазкур бо назардошти тағйироти солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқшудаанд, ба инобат мегирад,-иброз дошт Абдуҷаббор Азизӣ.

Бино ба гуфтаи Муовини Раиси МН, дар Ҳадафҳои рушди устувор диққати асосӣба Консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст, ки дар он пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣбо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, аз вазифаҳои асосӣва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот гуфта шуд, дар соли 2030,тавре ки дар Стратегияи миллии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудааст «…кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣбо имкониятҳои баробар барои татбиқи нерӯи инсонӣдар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд».

Хонум Пратибха Мехта аз ҳамкорӣбо Маҷлиси намояндагон изҳорӣхушнудӣнамуда, афзудааст, ки дар оянда низ парламенти касбии Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои фаъолияташ ҳамаҷониба дастгирӣменамоянд ва барои рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми амиқмегузоранд.

Дар мулоқот ҳамчунин, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода иштирок намуд.

Добавить комментарий