Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нуқтаи муҳим хотиринишон гардида, таъкид карда мешавад, ки “дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Рӯз аз рӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Аммо тааҷҷубовар ва аз ҳама муҳимаш, нанговар он аст, ки душманони давлатдории миллӣ ин дастоварду оромии кишварро таҳаммул карда натавониста, зери ниқоби дини ислом, ки эътиқоди пок ва муқаддаси инсонҳост, амал карданӣ мешаванд ва мехоҳанд бо андеша ва ақидаҳои ботили худ ба оромии ҷомеа халал ворид намоянд.

Қувваҳои бадхоҳ бошанд, дар ҳама давру замон, то тавонистан ба хотири мавқеъ гирифтан ва махсусан ҳукумат кардан бар ақли инсонҳо, аз тамоми роҳу восита истифода намудан мехоҳанд. Дин бошад, дар ин маврид ҳамчун усул ва воситаи бозӣ кардан бо ҳиссиёт ва ба эътиқоди мардум ва фоидаҷӯӣ аст. Яке аз роҳҳои таъсири манфӣ расонидан ба оромии рӯзгори мо аз ҷониби душманони миллат — ин ҷалб сохтани бархе аз нафарони зудбовару содда ва сабукфикр, ки онҳоро раҳгум сохта, бар зиддӣ манфиатҳои миллӣ раҳнамун месозанд, бахусус мағзшӯӣ намудани ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои моҷароҷӯ ва ифтотгаро ҷалб кардани онҳо ба таври возеҳу равшан ба назар мерасад.

Ба ин гуфтаҳо боз як сарнавишти талхи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муллоев Садриддин (соли таваллудаш 1984) мисол шуда метавонад, ки аз нодониву таассуб, гумроҳиву ҷаҳолат ба доми равияи мамнуъ афтода, узви “Ҷамоати Таблиғ” гардида буд, ки имрӯз бо кӯмаки Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан, ба назди падару модар, фарзандон ва пайвандонаш баргардонида шудааст.

Номбурда яке аз нафарони гумроҳгашта мебошад, ки сарнавишти худро ба мо чунин иброз намуд:

— Ман ба Федератсияи Россия барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Дар қаламрави Федератсияи Россия қариб як сол кор ва фаъолият намуда, баъдан ба Туркия сафар намуда, муддати 6 сол дар он кишвар қарор доштам. Ҳангоми қарор доштанам дар кишвари Туркия аз ҷониби мақомоти кишварамон нисбати ман ғоибона парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307, қисми 1 оғоз намудаанд. Ҳангоми ин хабарро шунидан, чи кор кардану чи тавр ба Ватан баргаштанамро намедонистам. Ба ростӣ, орзуи ба Ватан баргаштану ба дидори падару модар, фарзандон ва пайвандон шарафёб гардиданамро мекардам ва ҳамеша дар ёди зодгоҳам меандешидам. Дар мулки бегона худро орому озод ҳис карда наметавонистам, мулки дигарон бароям азиз шуда наметавонист,  дар кишвари бегона пай бурдам ва собит сохтам, ки “Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар будааст”. Мани гумроҳгаштаю ба гирдоби бало афтода, имрӯз бо кардаҳои худ пушаймон шуда, ватанам Тоҷикистонро дӯст медораму фарзанди бовафои ин сарзамин ва ин хоки аҷдодӣ мебошам.   Аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ ёфтам, ки нафароне, ки бо ин модда парванда нисбаташон оғоз гардидааст, аз кардаи худ сахт пушаймон гардида бошанд ва бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргарданд ва аз ҷонибашон дигар ҷиноят содир нагардида бошад, мувофиқи қонун авф мегарданд. Бо шунидани ин хабар дар давлати Туркия, дарҳол пайи дарёфти рақамҳои кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудам ва ҳангоми бо онҳо суҳбат намудан аз ҳолатҳои ба сарам омада барояшон маълум намуда, баён доштам, ки ман хоҳиши ба Ватан баргаштанро дорам. Зеро андешиаи онро доштам, ки ҳарчи зудтар аз он мулки бегона роҳоӣ ёбам ва дар кишвари тинҷу ободамон, Тоҷикистон ва дар ҳалқаи ҳамдиёрону наздикон орому осуда бошам.

Ҳоло ман дар Ватан қарор дорам. Дар асоси муроҷиатам дар давоми ду рӯз кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои маро дида, нисбатам Қонуни авфро татбиқ намуданд. Ҳоло ман дар озодӣ қарор дошта, дар ҳалқаи аҳли оилаам озодона кору зиндагӣ дорам. Касе ва ё кадоме аз кормандони мақомот ҳуқуқу озодиҳои динии маро таҳқир ва маҳдуд накардааст.

Ман аз ин иқдоми пайгирона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати авфи гумроҳшудагон бениҳоят шод ва сипосгузорам. Хушбахтона, бо амри тақдир ва бо ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлатамон мо гумроҳшудагони пушаймонгардида соҳибватан гардидем.

Бори дигар шукургузорӣ аз Пешвои ғамхору дилсӯз менамоям, ки мо ба Ватан, ба назди хешу наздикон баргаштем.

Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардида, дар як дину оин ва як мазҳаб бошем, яъне мазҳаби Имом Абуҳанифа беҳтарин мазҳаб аст ва бояд аз он пайравӣ намоем.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи он нафароне, ки имрӯз дар ҷустуҷӯ қарор доранд, гуфтаниам, ки бо хоҳиш ва иродаи худ ба Ватан баргашта, ба РМЗҶМ ВКД, тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ (info@ubop.tj) ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намоянд. Боварӣ дорам, бо роҳнамоӣ ва тавсияҳои онҳо хурсандона ва якдилона Тоҷикистонро обод мезозем.

Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66.

Дар охир аз нафарони дар ҷустуҷӯ қарордошта даъват менамоям, ки Шуморо Ватан, миллат, падару модар, фарзандон ва пайвандонатон интизоранд!

Таҳияи Шаҳзодаи САИД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here