Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар чӣ вазъ қарор дорад? Барои беҳтар кардани вазъ чӣ чораҳо бояд андешид? Дар ин иртибот кӣ чӣ кор карда метавонад? Дар мизи мудаввар бо номи “Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи 300 рӯзи ислоҳот”, ки рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор гардид, ба ин суолҳо посух ҷустанд.

Дар ин мизи гирд намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, чорабиниро ифтитоҳ карда, гуфт: “Бояд сари баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавоноиҳои ширкатҳои ватанӣ фикр кунем, то на танҳо дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем, балки бозори ватаниро низ аз даст надиҳем. Дар ин самт, дар баробари талошҳои ширкатҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ, ва молиявӣ зарур аст”.

Бар иловаи муаррифии вазъи кунунии истеҳсолот, муҳити соҳибкорӣ ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ҳамчунин, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ва Хадамоти гумрук доир ба барномаҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар иртибот ба соҳа ба ҳозирин иттилоъ доданд. Ҳамчунин, иштирокдорони мизи гирдро бо фаъолияти барномавии шарикони рушд, ки ба тақвияти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст, шинос карданд. Аз ҷумла, намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), ва барномаи Акселератори шукуфоии Шабакаи рушди Оғохон лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Чорабинии имрӯза идомаи силсилаи мизҳои мудаввар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар мебошад, ки бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, зери патронажи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ва дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) баргузор гардиданд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here