25-уми март барномаи консерти хайриявии Нуралӣ Ҷӯраев бо номи «Фаромӯшам макун» бо иштироки овозхонони варзидаи кишвар Сурайё Қосимова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Ситораи Кароматулло, Суруш Холов, Нигора Холова, Хайриддини Шариф, Нишонаи Рустам, Шаҳзоди Даврон ва Фараҳнози Фурқат баргузор мегардад.

Ҳунарманд, роҳбари дастаи «Шашмақомхонон» Фурқати Сайид мегӯяд:

— Баргузории ин консерт иқдоми банда аст. Нуралӣ Ҷӯраевро ман ба воя расонидам ва дар роҳи ҳунари сарояндагӣ устодаш мебошам. Баъд аз 17 соли муҳоҷират бо тани бемор ба Ватан баргашт ва мехоҳам бо чанд таронаи ҷадидаш рӯи саҳна ояд, зеро дилбохтагони ҳунараш ӯро пазмон шудаанд. Ин барномаи консертӣ хайриявӣ аст. Ҳунармандони саршиноси кишвар мехоҳанд бо ширкати хеш ҳампешаи худро дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос дастгирӣ кунанд.

Нуралӣ ба сифати сароянда пеш аз муҳоҷират дар ансамблҳои «Гулшан» ва «Лола» фаъолият кардааст. Таронаи машҳураш «Фаромӯш макун» аст, ҳамзамон «Номаҳо», «Сафар ба хайр», «Зулф ошуфта», «Умр зи сар мегузарад», «Ноком будам» аз шумори сурудаҳоест, ки дар қалби мухлисонаш ҷо гирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here