Тасвирҳои наққоши тоҷик Фаррух Неъматзода, ки ҳолатҳои шиканҷа ва зӯровариро офаридааст, дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ба намоиш гузошта шуд, вале мутаассифона, худи ӯ бо сабаби беморӣ ҳузур надошт.

Намоиши тасвирҳо ва чорабинӣ рӯзи 26-уми июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ва зӯроварӣ ҳамасола қайд мегардад, имсол дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабинӣ зери шиори “Талошҳоямонро барои мубориза бо шиканҷа муттаҳид месозем!” доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти судӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштирок доштанд.

Адвокати узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Абдураҳмон Шарипов гуфт, ки Конвенсияи зидди шиканҷа соли 1987 аз тарафи СММ қабул гардид ва аз соли 1997 инҷониб, рӯзи 26-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эътироф кард шуд.

— Сабаби қабул шудани Конвенсияи мазкур бениҳоят зиёд гардидани муроҷиатҳо оид ба татбиқ шудани шиканҷа ба СММ буд. Қонунгузории миллии давлатҳои ҷаҳон ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷаро кам ба инобат мегирифт. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис дода шуд ва то ин ҷониб муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба шиканҷа баррасӣ карда, дар судҳо аз ҳуқуқҳояшон ҳимоят мекунад,- афзуд А. Шарипов.

Бино ба гуфтаи намояндаи Эътилоф, ба фарқ аз имсол, соли гузашта дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 18-тоӣ баннери калон бо расмҳои 18 қурбонии шиканҷа гузоштаву чорабинӣ баргузор карда шуда буд.

Судяи Суди шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Юсуфзода гуфт, ки бояд чунин чорабиниҳо зиёдтар ба роҳ монда шаванд, зеро баргузории онҳо аз аҳамият холӣ нест.

— Бо он ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ фаъолият дорам, мушоҳида мекунам, ки парвандаҳо вобаста ба шиканҷа сол то сол кам шуда, сифати баррасии парвандаҳо беҳтар гашта истодааст. Ҳар як чорабиние, ки баргузор мешавад,аз аҳамият орӣ нест ва бо бештар гардидани онҳо мо метавонем ба камбудиҳои вуҷуддошта таваҷҷуҳи бештар диҳем,- гуфт М. Юсуфзода.

Нақши ҷолибе, ки аз ҷониби ҳунарпешаи Театри ба номи Маяковский — Фирӯзабону иҷро карда шуд, хеле муассир буд. Ҳунарпеша бо иҷрои нақш ҳолатҳои қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳоро тасвир намуд. Ӯ тавонист ҳар як иштирокчиро водор созад, то худро дар ҷои нафаришиканҷашуда ва наздикони вай тасаввур кунад ва дарду азоби ҷисмонию равонии ӯро дар вуҷуди худ эҳсос намояд.

— Ман дар нақш хостам одамонеро нишон диҳам, ки бо вуҷуди шиканҷа шудани надиконашон, хомӯш меистанд ва аз чизе тарс доранд. Ин нақши ягонаи ман дар ин маврид нест,- гуфт ҳунарпеша.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, капитани милитсия Комил Комилов бо таассуф аз вуҷуд доштани ҳолатҳои нангини монанд ба шиканҷаву зӯроварӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ибрози назар кард. Номбурда аз талошҳои вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода барои аз байн бурдани чунин зуҳуроти номатлуб аз миёни намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуд.

— Муҳтарам вазир борҳо дар суҳбату вохӯрӣ ва ҷаласаҳо бо кормандон дар самти кушодани ҷиноятҳо кор нагирифтан аз шиканҷаву зӯровариро нисбат ба боздоштшудагон таъкид месозанд: “Бигузор ҷиноятҳо нокушода боқӣ монанд, вале аз шиканҷа кор нагиред”. Бояд кормандони милиса аз шиканҷа истифода набаранд, зеро ин амал аз надоштани саводи кофӣ ва сатҳи пасти касбии ӯ шаҳодат медиҳад,- гуфт К. Комилов.

Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов зимни баромадаш гуфт, ки Эътилоф соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқ, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид кардааст.

— Эътилоф фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки мувофиқа шудаанд, амалӣ менамояд.

Солҳои 2011-2016 аз ҷониби Эътилоф зиёда аз 200 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта шуд. Мо 81 парвандаро дар судҳо ва мақомоти давлатӣ пеш бурдем, ки дар натиҷа 25 нафар бо 16 парвандаи ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳалномаи судии 6 парванда оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ баромад ва суд мақомоти давлатиро уҳдадор кард, ки ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ҷуброни пулӣ пардохт намоянд. Ба 6 қурбонии шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо кӯмаки равонӣ расонида, ба 130 корманди тиббӣ стандартҳои ҳуҷҷатгузории самараноки шиканҷа омӯзонида шуд. Дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мо аз 20 муассисаи пӯшида ва нимапӯшида боздид намудем, то барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ ва рушди стратегияи пешгирии шиканҷа ба мақомоти давлатӣ кӯмак расонем. Вобаста ба ҳолатҳои алоҳидаи шиканҷа, инчунин оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар умум беш аз 800 матолиби иттилоотӣ-таҳлилӣ нашр карда, бо ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ ва ҳайатҳои расмии давлатҳои хориҷӣ қариб 50 вохӯриву брифинг гузаронида шуд,- гуфт Н. Халилов.

Ёдовар мешавем, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки ба ҳамаи ҷабрдидагони шиканҷаву зӯроварӣ дар кишвар кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонад ва аз шаън, шараф ва ҳуқуқҳои эшон дар судҳо ҳимоят мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here