Кафидани чархи мошини тамғаи “Тайёта Кемрӣ” боиси ба дарёи Фони ноҳияи Айнӣ сарозер ва осеб бардоштани ду корманди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД  гардидааст.

Ҳодиса тахминан соатҳои 16:30-и рӯзи гузашта дар мавзеи Петеи ноҳияи Айнии вилояти Cуғд рух додааст. Як шоҳиди ҳодиса гуфт, ки дар дохили мошин кормандони милиса ҳузур доштанд. “Вазъи саломатии милисаҳо хуб аст, аммо ҷустуҷӯкунандаҳо нақлиёти ба дарё афтадаро наёфтанд. Гӯё кормандони милиса бо худ яроқи хизматӣ доштаанду аз даст додани он соҳибонашонро бештар нигарон кардааст”.

Сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат ба “Фараж” хабари ба дарёи Фон, дар ноҳияи Айнӣ сарозер гардидани мошини кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-ро тасдиқ, вале суръати баланди ҳаракат ва бо худ яроқ доштани онҳоро рад кард.

— Чарх кафидаасту мошин ба дарё рафтааст. Кормандон худашон аз об берун баромадаанд. Танҳо як нафар аз қабурғааш осеб дидааст, — гуфт Н. Маҳмадзода.

Манбаъ ному насаби зарардидаҳо ошкор накард, вале гуфт ҷустуҷӯи воситаи нақлиёт ҳануз идома дорад.

Бинобар садамаҳои нақлиётӣ маргу мири ронандагону мусофирони мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зиёд ба мушоҳида мерасад, вале мақомот дар бештари ҳолатҳо сабабашро бо суръати баланд рондани нақлиёт унвон мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here