Масъулини Шӯрои уламои Тоҷикистон бо эҳтимоли 90-дарсадӣ оғози моҳи Рамазонро рӯзи душанбеи 6-уми май меҳисобанд. Тақвимҳо низ аллакай дар кӯчаву бозор ва назди масҷидҳо фурӯхта мешаванд.

Аз Шӯрои уламои кишвар дар суҳбат бо «Фараж» овозаҳоро миёни сокинон дар мавриди ба рӯзи ҷумъа ё шанбе (3-4 май) рост омадани моҳи Рамазон рад карда, гуфтанд, ки санаи дақиқтари моҳи мазкурро рӯзи чоршанбе, 1-уми май, пас аз ҷаласаи Шӯро эълон хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта моҳи Рамазон ба 17-уми май рост омада буд ва ҳар сол он 10 рӯз ба қафо ҳисоб карда мешавад. Ҳолдонон мегӯяд, моҳи навро бо сабаби хеле хурд будан, пас аз ду рӯзи оғози моҳи Рамазон дар вақти шом дидан имкон дорад, вале ба гуфтаи эшон, одами «тезчашм» метавонад онро дар дурӯзагӣ ва ҳатто якрӯзагӣ ҳам бинад.

Бархе аз сокинони кишвар ба дурустии санаи дақиқкардаи фарорасии моҳи Рамазон аз ҷониби масъулини Шӯрои уламо шак оварда, ба бовари худ, 1-2 рӯз қабл рӯза мегиранд. Ин дар ҳолест, ки имоми масҷиди ҷомеаи деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ Зоҳир Ёров мегӯяд, шак овардани мардуми омӣ ба далелҳои олимони дин дуруст нест, зеро онро Пайғамбари Худо (с с) ҳам дар ҳадисҳо манъ кардааст.

Добавить комментарий