Сафири Туркия дар Тоҷикистон Рифат Коксал ба Тоҷикистон барои саҳм доштанаш дар раванди мубориза бар зидди терроризм миннатдорӣ баён кард. 

Ин нуқтаро ӯ имрӯз дар ҳузури намояндагони ВАО зикр кард.

“Мо ба Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони азизамон дар мубориза бар зидди созмони террористии “Фето”, ки ҳамеша дар канори мо буданд, миннатдорем”,-гуфт ӯ.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон Рифат Коксал аз фаъолияти Созмони террористӣ “Фето”, ки се сол сипарӣ гардидааст, ёдовар шуд.

“Ин табаддулоти хунини рӯзи 15-уми июл аз ҷониби роҳбарии созмони террористии “Фето” ба нақша гирифта шуда, ба кӯшунҳои қувваҳои мусаллаҳи Туркия ҳамла овард, ки яке аз муҳорибаҳои хунинро ба бор овард”,-гуфтсафир.

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки дар ин муҳорибаи хунин, ки аз ҷониби созмони мазкур сурат гирифтааст, садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

— Дар таърихи мо ҳанӯз намунаҳое чун, зӯроварӣ ва хиёнаткорӣ буданд, ки бо амалҳои террористии худ барои ба даст овардани Ҳукумати Туркия кӯшиш мекарданд. ИН созмон Шаҳрвандони бегуноҳи Туркияро зери ҳамлаи террористии худ қарор дода, бо ҳавопаймоҳо бомбаборон ва бар зидди қувваҳои муссалаҳи Туркия оташ кушоданд. Дар ин шаби хунин ҷасади 51 нафар кормандони полисро, ки қаҳрамонона ҷон бохтанд, пайдо карданд. Ғайр аз ин, 251 нафар сокинони маҳаллӣ кушта шуда ва беш аз ду ҳазор нафар шаҳрвандон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд,-афзуд ӯ.

Дар миёни кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ Ташкилоти исломии Ассамблеяи парлумонии Осиё, Ҷумҳурии Туркия дар шимоли Кипр, Покистон “Фето” ҳамчун Созмони террористӣ эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли ҷорӣ 6 ҳазор сайёҳони Туркия ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба 370 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон визаи корӣ дода шудааст.

 

 

Добавить комментарий