22-юми августи соли 2017, соати 21:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 46-50 СН 01, таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович соли таваллудаш 23.03.1986, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт пиёдагард Маҳмадов Хисрав Бобохонович соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой афтонадааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе маводҳо тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович бо фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.

22.08. 2017, тахминан соати 21:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз-5320” Шамсов Зумриддин Насриддинович соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Норак-Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро дар қисмати рости роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Наҷмиддинов Қурбон Мирзомуродович соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат ва Ҷобиров Меҳроб Алиевич соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Добавить комментарий