Баъд аз гузориши «Фараж» зери унвони «Гузаргоҳ шуд гулзори Душанбе», ки аз вазъи ногувор ва зери пойи роҳгузарони бемаданият мондани гулҳои зебои садбарг дар маҳалли бозори «Султони Кабир» дар шаҳри Душанбе қисса мекард, миёни гулзор роҳи пиёдагузар бунёд шудааст.

Сардори идораи нигоҳдории роҳҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, роҳи пиёдагузар бо супориши раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба хотири минбаъд зери пойи роҳгузарон намондани гулҳо бунёд гардидааст.

— Мо як моҳ пеш аз ҳисоби плитаҳои сементӣ сохтани пиёдагузарро оғоз кардем, ки бо сабабҳои хунукӣ то ҳол онро ба пуррагӣ анҷом надодем. Бо омадани гармиҳо ду тарафи пиёдагузарро гул мешинонем ва ин гузаргоҳҳо ба тартиб медарорем. Ин гузаргоҳ доимӣ аст. Агар онро доимӣ накунем, хоҳем нахоҳем боз сокинон гулзорро зери пой карда мегузаранд, — гуфт масъули роҳҳо.

Ин дар ҳолест, ки дар ин макон аломатҳои махсуси муайянкунандаи гузаргоҳ вуҷуд надорад. Масъулини ноҳияи Фирдавсӣ мегӯянд, аломатгузорӣ кардани гузаргоҳҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад ва ин уҳдададории идораи махсусе аст, ки дар итоати Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад.

Тавре мушоҳида кардем, на дуртар аз 30-40 метрӣ аз ду канори истгоҳ барои пиёдагардон гузаргоҳҳо вуҷуд доранд ва роҳгузарон бояд танҳо аз ин маконҳо роҳро убур кунанд, зеро дар гузаргоҳҳои мазкур ҳама нишонаҳо, ҳам хатҳои «зебра» ва ҳам аломати пиёдагузар насб шудааст.

Гузаргоҳ шуд гулзори Душанбе

http://faraj.tj/habari-ruz/guzargo-shud-gulzori-dushanbe/

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here