FIFA талабгорони унвони футболбози беҳтарини мавсимро эълон кард, ки дар байни онҳо Мессӣ, Роналду ва Ибрагимович ҳастанд.

Дар ин рӯйхат, ки дар он номи 24 футболбози маъруфи мавсими 2016\17 ҳаст, ба ғайр аз Мессӣ, Роналду ва Ибрагимович исми Пйер-Эмерик Обамеянг («Боруссия Дортмунд», Германия), Леонардо Бонуччӣ («Милан»/»Ювентус», Италия), Ҷанлуиҷӣ Буффон, Пауло Дибала (ҳарду аз «Ювентус», Италия), Даниэл Карвахал, Тони Кроос, Марсело, Лука Модрич, Кейлор Навас, Серхио Рамос (ҳама аз «Реал»), Антуан Гризманн («Атлетико», Испания), Эден Азар, Н’Голо Канте (ҳарду аз «Челсӣ», Англия), Андрес Инйеста, Луис Суарес (ҳарду аз «Барселона»), Гаррӣ Кейн («Тоттенхэм», Англия), Роберт Левандовский, Мануэл Нойер, Артуро Видал (ҳама аз «Бавария», Германия), Неймар («Барселона»/»Пари Сен-Жермен», Фаронса), Алексис Санчес («Арсенал», Англия) ба назар мерасад.

FIFA номи 10 нафар талабгори унвони беҳтарин футболбоз миёни занҳоро низ эълон кард, ки дар он номи Люси Бронз, Карли Ллойд (ҳарду аз «Манчестер Ситӣ», Англия), Дейна Кастельнос («Санта Кларита», ИМА), Пернилл Хардер («Волфсбург», Германия), Саманта Керр («Скай Блю», ИМА), Ҷенифер Марожан, Вендӣ Ренар (ҳарду аз «Лион», Фаронса), Лиеке Мартенс («Барселона», Испания), Вивйен Медема («Бавария», Германия) ва Ҷодӣ Тейлор («Арсенал», Англия) ҳаст.

Овоздиҳӣ 21-уми август оғоз мешавад ва то 7-уми сентябр идома меёбад. Ғолибонро сармураббӣ ва капитани дастаҳои мунтахаби футболи узви FIFA, ҳамчунин мухлисон ва намояндагони ВАО муайян мекунанд.  Ғолибон 23-юми октябр дар Лондон эълон карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here