5-7 апрел дар Анталияи Туркия мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Gran Prix Antalya 2019” баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён сазовори медали биринҷӣ гардид.

Комроншоҳ дар вазни -90кг дар рӯзи сеюми мусобиқа гуштӣ гирифт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Молдова Лурио Мокану, дар даври сеюм бар намояндаи Эстония Клен Кристофер Калҷулайд ғалаба карда, дар даври чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Автандилӣ Тчирикишвилӣ шикаст хурд. Комроншоҳ дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Белорус Йаҳор Варапайеу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Исроил Итай Голан дастболо гардида, медали биринҷиро ба гардан овехт.

Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия соли 2018 медали тилло ва соли 2017 медали нуқра ба даст оварда буд.

4 варзишгари дигари мо – Хайёмиддин Ҷабборов, Ёқубҷон Боқиев (-66кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) дар даврҳои аввал аз рақибонашон мағлуб гарданд.

Дар мусобиқа 479 варзишгар (291 мард, 188 зан) аз 75 давлати дунё ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ ҷои 28-умро гириыт. Гурҷистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввал, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд.

Ин медали сеюми ҷудокорони тоҷик дар силсила-мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо мебошад. Қаблан Беҳрӯз Хоҷазода дар Гранд Слами Екатеринбург ва Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш сазовори медалҳои биринҷӣ гардида буданд.

Дастаи мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон 20-23 апрел дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Добавить комментарий