Дирӯз Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеи худро беҳтар кардааст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги сентябрии мавқеи худро чор зина боло бурда, дар ҷойи 115-ум қарор гирифт. Ин пешравӣ бо далели пирӯзии даста дар вохӯриҳои гуруҳии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 аст, ки бо ҳисоби якхtkfи 1:0 Қирғизистон ва Муғулистонро шикаст дод.

Футболи Тоҷикистон дар ҳисоби худ 1174 имтиёз дорад ва дар рейтинги байни  дастаҳои мунтахаби  Осиё дар ҷойи 22-юм аст.

Пешсафи дар рейтинг ҳанӯз ҳам ҳаққи дастаи мунтахаби Белжик аст, ки дар ҳисоби худ 1752 имтиёз дорад. Зинаи дуюмро чемпиони феълии ҷаҳон – дастаи мунтахаби  Фаронса бо 1725 имтиёз дар даст дорад. Дар ҷойи сеюм Бразил бо 1719 имтиёз қарор дорад.

Даҳ дастаи аввали рейтинг:

Белжик (1752 хол)

Фаронса (1725)

Бразил (1719)

Инглис (1662)

Портуғол (1643)

Уругвай (1639)

Испониё (1631)

Крувосӣ (1625)

Колумбиё (1622)

Орҷентин (1614).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here