Баъд аз гузориши вебгоҳи «Фараж» зери унвони «Об исроф мешаваду масъулин парво надоранд», ки 2-юми июл нашр гардид, кормандони Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» даст ба кор шуда, пеши роҳи исрофшавии обро дар ҳудуди МТМУ рақами 95-и ноҳияи Сино гирифтанд.

Қаблан сокинони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бо  нигаронӣ гуфта буданд, ки дар ҳудуди МТМУ рақами 95, дар зери девор қубури обгузар кафидааст ва як моҳ боз об фаввора мезанад, вале масъулинро парвое нест. Ҳамчунин, гуфтанд, мактаб иншооти навсохт аст ва ин ҳолат метавонад боиси садамавӣ шудани деворҳои он гардад.

Пас аз дидани ин макон ҳақиқати суханони сокинон бармало шуд. Аз зери девори даромадгоҳи мактаб об фаввора зада мебаромаду аллакай таъсири он ба роҳрав ва роҳи калони аз шафати мактаб гузаранда низ расида буд.

Директори мактаби мазкур Солеҳов Исматулло он замон гуфта буд, ба Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе як маротиба хаттӣ ва чанд бори дигар  телефонӣ муроҷиат кардаанд, вале то ҳануз чорае дида нашудааст.

— Рӯзи 17-уми июн мудири хоҷагии мактаб ба шуъбаи умумии Корхонаи обу корез мактуби расмӣ супорид. Гуфтанд, мактубро баррасӣ ва садамаро ҳатман бартараф мекунанд, вале бо гузаштани 15 рӯз ягон нафар пайдо нашуд. Чанд бори дигар ба ин ниҳод телефонӣ ҳам муроҷиат кардем. Мегӯянд, намояндагонашонро мефиристаанд, аммо касе намеояд. Роҳбари идораи хоҷагию манзили минтақа ҳам телефон кард, лекин бенатиҷа, — гуфта буд, директори МТМУ рақами 95 Солеҳов Исматулло.

Муовини директори КВД «Обу корези шари Душанбе» Фирдавс Ҷабборзода он замон дар суҳбат ба «Фараж» гуфта буд, ки баррасии ҳама гуна мактубҳои шаҳрвандон аз 15 то 20 рӯз муҳлат дорад ва ягон муроҷиати шаҳрвандонро бебаррасӣ нахоҳанд монд.

Добавить комментарий