Як масъули бахши манзилию коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои бо суистифода аз боварӣ гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Хоҷаев Дилшод Абдусаломович замони дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши манзилию коммуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карданаш, тахминан моҳи майи соли 2019 бо шаҳрванд Муҳиддинов Саъдулло Нуруллоевич маслиҳат карда, бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварии шаҳрванд “А” барои ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматияш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, бинои 3, ҳуҷраи 9, маблағи 1500 доллари ИМА гирифтааст.

Агентӣ мегӯяд, бар асари кирдори номатлуби номбурдагон шаҳрванд “А” зарари махсусан калони моддӣ дидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Агентӣ нисбат ба Дилшод Хоҷаев ва Саъдулло Муҳиддинов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шудааст, тафтиши пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here