Дар хабар аст, ки 10-уми июн дар ноҳияи Мастчоҳ барф рехтааст ва ҳам дар пайи фуромадани тарма чорвои мардум зарар дидааст.

Як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксҳое аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нашр кард, ки рӯзи 10-уми июн бардошта шудаанд ва зироат дар деҳаи Падаск зери барфи тобистон мондааст.

Тибқи иттилооти расида наздик ба 200 сар гӯсфанд дар ағбаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таги тарма мондаанд. Эҳтимолан шумораи гӯсфандони талаёфта зиёд бошад.

Раиси хоҷагии деҳқонии «Сурхкат»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мунавваршоҳ Мунавваров хабар додааст, ки гӯсфандони талафёфта аз сокинони деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастчоҳ будаанд, ки чанде пеш ба чарогоҳҳои ин ноҳия оварда шудаанд. «Дар ҳоли ҳозир сокинони деҳаи Ғузн ду нафар чӯпонро ҷустуҷӯ доранд, ки барои боқимондаи гӯсфандон ба сари ағба баромада, дигар барнагаштаанд», — гуфтааст ин манбаъ.

Оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» хабар дод, ки ин афрод дар дараи Яғноб пайдо шудаанд ва ба ҷонашон хатаре таҳдид намекунад. Онҳо дар пайи баргардондани молҳои ҷудошуда аз рама ҳастанд.

Добавить комментарий