Рӯзҳои охир баста шудани масҷиди “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард ва ин амал сабаби интиқоди корбарон қарор гирифт.

Ахиран, масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ин иттиҳоми мардумро бобати баста шудани масҷид рад карда, дар нишасти матбуоти ҷузъиёти масъаларо тавзеҳ доданд.

Раиси Кумита гуфт, ки масҷиди “Нури Ислом” ҳамчун ташкилоти диннӣ аз байн нарафта, фақат дар фаъолияти он суроғаивазкунӣ ба амал омадааст.

Ба тавзеҳи сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим бинои қаблии масҷиди “Нури Ислом” то соли 2013 фаъолият мекард.

– Бо бунёд кардани бинои нав, ки дар он имкони ғунҷоиши 3 ҳазору 500 намозгузор  мавҷуд аст, фаъолияти бинои қаблӣ қатъ гардид. Бинобар хулосаи  гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд масҷиди кӯҳна, хароб ва ё таъйиноташ дигар мешуд, – гуфт Афшин Муқим.

Муаасисони масҷид ба хулосае омаданд, ки самти таъиноти масҷидро дигар карда, дар он Академияи хӯрокҳои миллӣ, маркази ҳунаромӯзӣ ва кинотеатр барои 80 ҷойи нишастро, ташкил кунанд.

Ба иттилои Кумитаи дин, феълан дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ ва як Маркази исломӣ мавриди истифодабарии шаҳрвандон қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here