Сафорати Тоҷикистон дар Маскав маьлумотро дар бораи Марям ном духтари хурдсоле, ки дар яке аз паноҳгоҳи кӯдаконаи Ироқ пайдо шудаасту тахмин меравад волидонаш тоҷиканд, мавриди санҷиш қарор додааст.

«Мо дар бораи пайдо шудани ин духтарак маълумот дорем ва ҳоло ин иттилоотро ба шӯъбаҳои дахлдори Тоҷикистон барои санҷиш фиристодаему дар ин самт кор хоҳем кард. Агар дар ҳақиқат духтарак шаҳрванди Тоҷикистон бошад, барои баргардонидани вай ба ватан корҳои заруриро анҷом хоҳем  дод» — гуфтааст мушовири сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ.

Канали телевизионии Русия «RT», ки аз як паногоҳи кӯдакони Бағдод гузориш дод, маълум кард, дар ин паногоҳ аз Русия ва кишварҳои ИДМ  кӯдакон ҳастанд. Ин кӯдаконеанд, ки бо волидони дар зери таьсири гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтаашон ба Ироқ сафар кардаанд, ё аллакай баъди ба ДИИШ пайвастани волидон ба дунё омадаанд. Дар байни ин кӯдакон духтараке бо номи Марям буд, ки эҳтимолан шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешуд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, духтарак  бо хамроҳи падару модараш ба Миср, баъд аз он ба  Ироқ рафтааст. Ба гуфтаи духтарак  волидон, бародар ва хоҳараш кушта шудаанд.

Баъди нашри маьлумот сармуҳаррири нашрияи RT Маргарита Симонян барои пайдо кардани наздикони кӯдаконе, ки дар ин паноҳгоҳ қарор доштаанд, аз бинандаҳо ёрӣ хост. Аллакай чандин нафар аз наздикони ин кӯдакон онҳоро шинохтаанд. RT дар як гузориш дигар хабар дод, ки Марям аз Доғистон буда, бибиаш ӯро шиносоӣ кардааст. Маълум шуд, ки ин Марям аллакай ба Маскав баргардонида шудаасту дар ҳақиқат аз Доғистон аст. RT менависад, ки дар паноҳгоҳи Бағдод духтари дигаре бо номи Марям ҳаст, ки шояд аз Тоҷикистон бошад.

Добавить комментарий