Дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ки номи Ислом Саломовро дорад, бо ташаббуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия филми ҳуҷҷатии “Марги ғурур”  (коргардон Зоҳири Сайфулло) муаррифӣ гардид.

Нахуст Мирзоолим Мирзораҳимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия ба меҳмонон барои ташрифашон ба ноҳияи Мастчоҳ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки филми ҳуҷҷатии “Марги ғурур”, ки доир ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари як чеҳраи дурахшони санъати тоҷик, ҳунарманди нотакрору маъруф Олим Бобоев нақл мекунад, барои ташаккули худшиносию ифтихори миллии ҷавонон ва бедор намудани шавқу муҳаббати онҳо ба санъати асили халқ – “Шашмақом” метавонад саҳми шоиста гузорад.

Сипас муаллифи филмнома, муассис ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло доир ба рӯзгори пуртазоди ҳунарманди маҳбуб Олим Бобоев сухан гуфта, аз овози нотакрор ва ҳунари волои ӯ ёдоварӣ кард.

— Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олим Бобоев, агар умр вафо мекард, имсол 61-сола мешуд, вале афсӯс, ки аҷал ӯро хеле барвақт, дар синни 54-солагӣ аз мо рабуд. Олим Бобоев оҳангҳои носурудаи зиёде дошт ва он тозагиҳо ва он навовариҳое, ки мехост дар мақомсароӣ ворид кунад, бо худаш ба хок бурд, — таъкид кард муаллифи филнома Хуршед Атовулло.

Сокинони ноҳия, ки барои дидани ин филм аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъ омада буданд, пас аз тамошои он таассуроти худро бо ҳаяҷон нақл мекарданд.

— Зиндагии одамони наҷиб ҳама вақт аҷиб аст, ҳар як лаҳзаи умри онҳо аз ҳикмат холӣ нест. Пас аз тамошои филми “Марги ғурур” муҳаббати ман ба мардони асил ва санъакорони воқеӣ бештар шуд. Олим Бобоев намунаи олии чунин ашхос аст, — мегӯяд Аҳмад Қориев, омӯзгори собиқадори МТМУ №31-и ноҳия.

Муллошукур Шокирзода, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки бештар масоили фарҳангиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд:

— Имрӯз санъати мо, махсусан санъати овозхонӣ дар як вазъияти хеле бурҳонӣ қарор дорад. Овоз, маҳорат, малакаи сарояндагӣ дар аксар вақт асил нест, тавассути васоити техникӣ “ҳунарнамоӣ” кардани ба қавле “ситораҳо” хеле зиёд ба чашм мерасад. Дар чунин ҳолат муаррифӣ ва пешниҳод намудани филмҳое ба мисли “Марги ғурур”, ки санъати асилро таблиғ мекунанд,  иқдоми саривақтӣ ва хеле заруру муфид аст. Бояд дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ин филмро нишон диҳанд, то ҷавонони мо донанд, ки санъати воқеӣ кадом асту санъаткори асил кист.

Муродулло Почозода, Раҳмоналӣ Холмуродов,

ноҳияи Мастчоҳ, «Суғднюс», махсус барои «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here