Ноиби муфтии Қазоқистон Серикбой-кажи Ораз дар ҷаласаи парламент хабар медиҳад, ки дар як соли охир дар ин кишвар ҳудуди 300 пайрави ҷараёнҳои тахрибгар аз ақидаҳояшон баргаштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаи хуб аст, аммо дар ҳоли ҳозир бештар аз ҳазор пайрави дигар, ки худро такфирӣ, тундгаро медонанд, онҳо низ пайрави ҷараёни салафия ҳастанд, боқӣ мондаанд.

Вазири кор бо дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Нурлан Ермекбоев дар ҷаласаи парламент хабар додааст, ки дар робита ба пешгирӣ аз тундгароии динӣ тарзи нави бархурд бо ёрии созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда шудааст.

“Ҷамъият дарк кард, ки ин ҳаракат ё ҷараён тахрибкор аст, ҳарчанд барои кишварҳои дигар шояд қобили қабул бошад. Мо бо дарки возеҳи масъала, ин ҳаракатро мамнуъ эълон накардем, ҳарчанд дар ҷомеа чунин чораҳо баррасӣ мешуд, вале сабабҳои дигар мавҷуд аст — бештар болои корҳои фаҳмондадиҳӣ такя бояд кард, ин натиҷаи хуб медиҳад”, — гуфтааст Ермекбоев.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here