Маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ — «Тавозун» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот оид ба таҳия ва иҷроиши бюҷетҳои маҳаллӣ» имрӯз, 24-уми январ, дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент баргузор гардид.

Дар маҳфил намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, МТС, ВАО-и давлатию мустақил, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод иштирок доштанд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Уктам Ҷумаев дар доираи маҳфил натиҷаи тадқиқоташро оид ба шаффофияти бюҷетҳои маҳаллӣ барои баррасӣ ва муҳокимаи иштирокчиён пешниҳод кард. Ҳамчунин, унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Лоиқ Миров дар мавзӯи «Баҳогузории самаранокии харҷҳои бюҷети давлатӣ барои хадамоти давлатии шуғл», Некбахт Каримов, намояндаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ғанӣ гардонидани бюҷети давлатӣ дар ҳисоби нахи пахта дар кишвар» маърӯза карданд.

Гуфта шуд, бюҷети маҳаллӣ воситаи асосии амаликунонии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳукумати кишвар дар маҳалҳо мебошад, аз ин рӯ, таъмин намудани шаффофияти бюҷет барои ҳокимиятҳои маҳаллӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки шаффофият дар ҷараёнҳои бюҷетӣ масъулияти ҳокимияти иҷроияро дар таҳияву амаликунонии бюҷет ва назорати хароҷоти он зиёд карда, ҳамзамон воситаи муҳими мубориза бо коррупсия буда метавонад.

Дар рафти маҳфил суолу ҷавоб миёни иштирокдорон дар масъалаи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ баргузор гардид. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here