Соли 2015 “МегаФон Тоҷикистон” дар кишвар аввалин шуда фаъолияти таҷҳизотро барои огоҳкунии аҳолӣ оид ба ҷараёни селфароиҳо аз санҷиш гузаронид.

Дар доираи лоиҳа оператор ба таҷҳизоти ченкунандаи сатҳи об дар минтақаҳои кӯҳӣ сим-корт гузошт. Ҳангоми ба миён омадани вазъияти фавқуллода сокинон тариқи шабакаҳои алоқаи одатӣ дар шакли SMS-хабар паёмакро ба даст меоранд. Ин роҳи аз ҳама муносиби огоҳкунӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҳолат паёмҳо ба муштариён дар як вақт ва бо кафолати пурра рафта мерасанд. Ба ғайр аз ин, аз алоқаи корпоративии ширкати “МегаФон” кормандони техникие, ки хизматрасонии таҷҳизотро дар кӯҳҳо анҷом медиҳанд, истифода мебаранд. Имконияти маҷмӯии пешниҳоднамудаи оператор аллакай ҳаёти ҳазорҳоро наҷот дод.

Айни ҳол системаи хабардоркунии аҳолӣ оиди ҳолатҳои фавқулодда аллакай дар ноҳияи Айнӣ, Панҷакент, Нуробод, Вахш ва ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамояд. Дар нақша оғоз намудани ин лоиҳа дар кӯли Сарез ва ноҳияи Рашт мебошанд. Алоқаи боэътимоди «МегаФон Тоҷикистон» шахрвандонро на танҳо дар бораи селу обхезиҳо, балки дар бораи тармафароӣ ҳам огоҳ мекунад.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода мегӯяд: “Мо роҳи осон ва сарфакоронаро барои ҷорикунии лоиҳаи “SMS-огоҳкунӣ” дар тамоми ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ намудем. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ин масъаларо ҳал намуд. Шабакаи Ширкати мазкур ҳатто дар навоҳии кӯҳӣ алоқаи босифатро таъмин менамояд. Бо ёрии таҷҳизоте, ки SIM-кортҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро истифода менамояд, бо ба ҳолатҳои фавқуллода фавран эътино нӯкарда, ҳаракати гурӯҳҳои худро бо сатҳи баланди дақиқии хатсайрҳо ҳамоҳанг месозем”.

Добавить комментарий