Дар пайи гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар мағозаву фурӯшгоҳҳо аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Левакант 450  номгӯи бозичаҳои кӯдаконаи пастсифат ва бе навиштаҷот бо забони тоҷикӣ аз муомилот гирифта ва соҳибкорон ҷарима шуданд.

Дар доираи ин санҷиш дирӯз кормандони Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологии шаҳри Левакант аз дӯкону мағозаҳои шаҳр халтачаҳои солинавиеро аз муомилот гирифтанд, ки дохили онҳо ҳар гуна маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ҷой карда шуда буданд.

Директори ин марказ Зуҳро Ибрагимова гуфт: “Аз тарафи мутахассисони марказ давоми соли 2018 дар бозору мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯш 561 санҷиш  гузаронида шуда, нисбати 52 фурӯшанда мавод омода карда шуд ва дар натиҷа онҳо 9 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд”.

Ҳачунин, ҳангоми гузаронидани ин санҷишҳо наздики 400 килограмм махсулоти қанодии пасифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи беш аз  8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зуҳро Ибрагимова хабар дод, ки дар ин мудат 450  бозичаи  кӯдаконаи бе сертификати мутобиқат ва бе навиштаҷоти забони тоҷикӣ аз фурушгоҳои шаҳр гирифта шуданд, ки маблаги он 1500 сомониро ташкил медиҳад.

10 нуқтаи дигар барои ба талаботи санитариву эпидимиологӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияташон то бартараф кардани камбудиҳояшон манъ карда шуд. Дар ин баробар 15 маводи дигар барои чораҷӯӣ ба мақомоти қудратӣ пешниҳод гардидааст.

Ба гуфти масъулини Маркази назорати давлатии санитариву эпидимиологии шаҳри Левакант сиҳатии сокинон ва пешгири аз ҳар гуна бемориҳо онҳоро водор кардааст, то корро дар ин самт боз ҳам пурзӯр карда, дар ин баробар ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя намоянд.  

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж” 

Добавить комментарий