Дар шаҳри Левакант дар шаш моҳи соли 2019-ум 10 ҷиноят аз тарафи занон содир карда шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар ин бора имрӯз раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина дар нишасти матбуотӣ  хабар дод.

Бештари ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби занони шаҳр авбошӣ мебошад, гуфтанд дар нишаст. Қайд шуд, ки дар умум 73 ҷиноят дар шаҳр содир шудааст, ки 4 ҳолати он аз тарафи ноболиғон  мебошад, ки ин нисбати соли гузашта 3 ҳолат зиёд аст.

Ҳамчунин, дар ин мудат 1 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий