Аз ҷамъи умумии кӯдакони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҳамагӣ каму беш 800 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдак ҷалб шуда, боқӣ аз кӯдакистон маҳруманд.

Ба гуфти мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Намозалӣ Ашуров, ҳоло дар шаҳр ҳамагӣ 3 кӯдакистони давлатӣ ва як муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд, ки ба онҳо 536 кӯдак ҷалб шудаанд. Дар назди 7 мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил шудааст, ки дар онҳо 297 кӯдаки дигар фаро гирифта шудаанд.

Ба қавли Н.Ашуров фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 12-13 дарсадро ташкил медиҳад.

— Мутассифона, муассисаҳои томактабӣ танҳо дар маркази шаҳри Левакант фаъолият доранд. Дар деҳоти ин шаҳр то ҳол ягон кӯдакистон сохта нашудааст, ки ин омил боиси нигаронист, — афзуд ин шахси масъул.

Ба иттилои мудир, ҳоло дар шаҳри Левакант сохтмони ягон муассиаи томактабӣ ба нақша гирифта нашудаст, ки фарогирии кӯдакон ба онҳо зиёд карда шавад. Танҳо масъулони моарифи шаҳр имкони ташкили марказҳои инкишофи кӯдакоро дар назди мактабҳо доранду халос.

Ин дар ҳолест, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ таъқид карда шудааст, ки “То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд”.

Аммо дар шаҳри Левакант то кунун дар деҳот ягон муассисаи томактабӣ фаъолият намекунад ва ё сохтмонашон то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба нақша гирифта нашудааст.

Тибқи ҳисоботи оморӣ шумораи кӯдаконе, ки бояд ба муассисаҳои томактабии шаҳри Левакант  ҷалб шаванд, беш аз 5 ҳазор нафаро ташкил медиҳад, ки аз онҳо ҳамагӣ 833 нафар ба кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак фаро гирифта шуданду боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд.

Добавить комментарий