Аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Левакант то имрӯз барои хариди маводи сӯхт ба соҳаҳои маорифу тандурустии ин шаҳр  ягон сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст.

dav

Сармуҳосиби бахши маорифи шахри Левакант Додарбек Буриев зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 15 муасссиаи таълимӣ фаъолият доранд, ки то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои беҷети шаҳр барои хариди маводи сӯхт ягон сомонӣ маблағ ихтисос дода нашудааст.

— Тибқи нақша, бояд имсол 92 тонна ангишт барои муассиаҳои таълимии шаҳр харида шавад, аммо то имрӯз ягон тонна харидорӣ нашудааст. Танҳо захираи соли пешин 8,5 тонна ангишт дар мактабҳо ҳасту халос, — гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки бояд то охири ҳамин ҳафта маводи сӯхт ба мактабҳои шаҳр оварда шаванд. Захираи ҳезум бошад 200 куб ба нақша гирифта шудааст ва то имруз 40 куб захира гардидаасту халос.

dav

Дар ин бора  сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант Салоҳиддин Саидзода, қайд кард, ки барои харидани 92 тонна ангишт ба муассиаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 58 ҳазор пешбинӣ гардидааст, ки то имруз ягон сомонӣ ҷудо нашудааст. Ба дархости муассиаҳои таълимӣ бояд имруз 60 дарсади ин маблағ, яъне 36 ҳазор сомонӣ, барои хариди ангишт ҷудо карда шавад.

Барои соҳаи тандрустӣ ҳамагӣ беш аз 6 ҳазор сомонӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағ низ то ҳол ҷудо нашудааст. Дар назар аст, ки то 30-юми сентябри соли 2019 барои хариди маводи сӯхти соҳаи маорифу тандрустӣ маблағҳои пешбинишуда пурра ҷудо карда шаванд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар машварати августии омӯзгорон, ки охири моҳи августи соли раовн баргузор гардида буд, аз омода набудани муассиаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 изҳори нигаронӣ карда, ба масълон дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар ба фасли  зимстон омода шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here