Дар шаҳри Левакант аз соли 2018-ум то моҳи феврали соли 2020-ум 148 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки 80 дарсади он бо ҳалномаи суд амалӣ шудааст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри мазкур Лутфия Соҳибназарова дар суҳбат ба хабарнигори  “Фараж” қайд кард, ки дар ин шаҳр соли 2018-ум  70 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон  ба қайд гирифта шуда буд.

— Соли 2019-умҷудошавии оилаҳо 62 ҳолатро ташкил намуд ва дар 2 моҳи соли 2020 алакай 16 ҷуфт ақди никоҳашонро бекор кардаанд, ки ин нисбат ба ду моҳи соли 2019-ум  6 ҳолат зиёд мебошад, — илова кард ӯ

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ дар ду солу ду моҳ дар шаҳри Левакант 148 оила ақди никоҳи хешро бекор намудаанд, ки  80 фоизи онҳо  бо ҳалномаи суд бекор  шудааст.

Омилҳои ҷудошавии оилаҳоро Лутфия Соҳибназарова аз дахолати шахсони сеюм ба ҳаёти навхонадорон, ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқилона ва дигар сабабҳо рабт дод.

Гуфта шуд, баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  бурда мешаванд, то шумораи бекоршавии ақди никоҳ кам шавад.

Тибқи иттилои расида аз Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон  соли 2019-ум 2 ҳазору 640 оила ақди никоҳи хешро бекор намуда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2018-ум 264 адад зиёд мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here