Омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Леваканд Шаҳодат Сайдалиева аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмуни «Омӯзгори сол» сазовори ҷои аввал гардид.

26 октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Сайдалиева Шаҳодат сазовори ҷойи якум, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилои миёнаи умуми №14 Фозилова Сумангул созовори ҷойи дуюм ва омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Бобоҷонова Фарзона сазовори ҷойи сеюм гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфт ва муаррифӣ намудани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор ва қадрдонии меҳнати омӯзгор ва ҳамчунин баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ба шумор меравад.

 

Добавить комментарий