Бо сабаби фаъолият накардани 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Леваканд ба буҷети шаҳр 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ворид нагардидаст.

Раиси шаҳри Леваканд Самизода Санавбар дар нишасти матбуотиаш, ки дар моҳи январи соли 2019 баргузор гашта буд, гуфт, соли 2018 дар шаҳри Леваканд аз  28 корхонаи саноатӣ 2 корхона аз фаъолият боз монд. Ба гуфти ӯ корхонаи саноатии “Беҳзод” бо сабаби фарсудагии таҷҳизот  фаъолият накард  ва ҶДММ “Орди рушди Хатлон” тамоман аз сабаи надоштани маҳсулоти хом  фаъолият накарданд. Инчунин, соли гузашта 6 корхона истеҳсолашро нисбати соли 2017  кам карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, мутахассиси пешбари бахши саноату манзили мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд Олимҷон Файзуллоев  гуфт, ки дар шаҳр 28 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки давоми соли 2018-ум аз ин шумора 4 ададаш фаъолият накард.

Ба гуфти манбаъ яке аз корхонаҳои калони шаҳр ҶСК «Нуриҳои Осиё» мебошад, ки тибқи созишнома бояд дар моҳи феврали соли 2018 ба фаъолият оғоз мекард. Аз сабаби сари вақт ворид нашудани дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ корхона дар муҳлати муқарраргардида ба кор шурӯъ накард.

Манбаъ афзуд корхонаҳои саноатии ҶДММ “Орди рушди Хатлон”, ҶДММ “Беҳзод” ва ҶДММ “Абубакри Дилшод” бо сабабҳои надоштани маҳсулоти хом, фарсудагии таҷҳизот қарздорӣ аз андоз дар соли  2018 тамоман фаъолият накарданд. Ба гуфти масъулин аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ коҳиш ёфта, ба буҷет низ таъсири манфӣ расид.

Олимҷон Файзуллоев  қайд кард, ки дар баробари фаъолият накардани 4 корхона ҳамчунин дар ҶДММ “Субҳи Сарбанд”, ҶДММ “Рамзи Ваҳдат”, ҶДММ “Холмуроди Қодир”, ҶДММ “Имоб”, ҶДММ “Ҳоҷӣ Рамазон”, ҶДММ “Интерстрой” ва Роҳи оҳани Тоҷикистон нақшаи истеҳсолот пурра иҷро нагардидааст.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Леваканд Саидзода Салоҳиддин гуфт, фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ таъсири худро ба даромадҳои андоз мерасонад.

— Агар корхонаҳои саноатӣ ба таври дуруст фаъолият мекарданд, мо аз иҷрои нақшаи бар зиммаамон буда пурра мебаромадем. Дар моҳҳои анвару феврал нақшаи даромад иҷро нагардид ва аз ҳисоби фаъолият накардани ин корхонаҳо 1 миллиону 300 ҳазор ба буҷет ворид нагардид. Моҳи анвари соли ҷорӣ нақшаи андоз 67 дарсад ва моҳи феврал бошад 87 дарсад иҷро  гардид,  — қайд намуд ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here