Ташкилоту идораҳои шаҳри Леваканд дар назди шабакаҳои барқи шаҳр ба маблағи 25 миллиону 887 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин вазъ масъулони ин соҳаро нигарон кардааст.

Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Леваканд Маҳмадамин Суфиев гуфт, ки ин қарзҳо аз соли 2015 то ин ҷониб мебошанд.

Манбаъ бо нигаронӣ гуфт, ки аз ҳама қарзи калон дар назди шабакаҳои барқ аз корхонаи Тоҷиказот аст, ки он аз фаъолият мондааст. Ин корхона се маротиба ивази ном кардааст, ки қарзи умумии он 10 миллионро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз он нигаронӣ шуд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ низ аз барқ 5 миллиону 860 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Қайд карда шуд, ки кормандони шабакаҳои барқи шаҳр кӯшиш мекунанд, дар ҳама фасли сол қувваи барқро бе мушкил таъмин созанд, аммо пардохт шудани ҳаққи он аз тарафи муштариён суст ба роҳ монда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here