Дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳодисаи нангини куштор содир шудааст, ки дар натиҷа бародар бо дастаи бародар ва зан аз дасти шавҳар кушта шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Рӯзи 23-юми майи соли 2019, тахминан соати 18:00, марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, раиси хоҷагии деҳқонии “Мирзоодил”, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо бародараш, марди 28-сола, ҷанҷол карда, якдигарро латукӯб кардаанд. Аввалӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Старекс”, корди хоҷагиро гирифта, 1 маротиба ба қафаси синаи бародараш задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодаса ба ҳалокат расидааст.

Гумонбар аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, маркази матубуоти ВКД хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 73-солаи сокини деҳаи Кайҳони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 24-уми майи соли 2019, тахминан соати 09:00 бо ҳамсараш, зани 37-сола, даъво ва бо олоти оҳанин ӯро лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here