Марде дар шаҳри Турсунзода бо ҳамсари худ муноқиша карда, бо болишт ӯро буғӣ кардааст, ки дар натиҷа зан ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Номбурда, рӯзи 9-уми августи соли 2017, тахминан соати 16:00, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 46-сола, ҳангоми ҷангу ҷанҷол, ӯро бо болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий