Ба соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби  ташкилоти байналмиллалии “Каритас”-и Швейтсария  маводҳои безараргардонӣ дар ҳаҷми 590 кг маҳлули хлор, 998 кутии 5-литраи собуни моеъ, 450 адад маҳлули антисептикӣ ва 807 адад ниқоби тиббии санитарӣ кӯмаки башардӯстона карда шуд.

Раиси ноҳияи мазкур Вализода Икромиддин гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти байналмиллалии “Каритас”-и давлати Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ин ташкилот, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён, ба соҳаи тандурустии ноҳия маводи безараргардонӣ дар ҳаҷми 590 кг маҳлули хлор, 998 кутии 5 литраи собуни моеъ, 450 адад маҳлули антисептикӣ ва 807 адад ниқоби тиббии санитарӣ кӯмаки башардӯстона карда шуд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маъмурияти беморхонаи марказии ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти байналмиллалии “Каритас” барои дастрас намудани маводҳои безараргардонӣ, миннатдорӣ баён карда шуд.

— Тамоми маводҳои дастрасгардида, ба марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои ноҳия тақсим шуданд, — илова кард раиси ноҳия.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here