Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) маводҳои безараргардонӣ  ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ  ва  либосҳои муҳофизатӣ  ёрии башардӯстона расонида шуд.

Аз мақомоти маҳаллии ноҳия ба мо хабар доданд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва дастгирии соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) агентии олии федералии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида оид ба кӯмак дар хориҷа фаъолияти ояндаи тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон (шарикон АВТ), дар ҳафтаи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз ҷониби ин ташкилот ва дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия ба беморхонаи марказии ноҳия маводҳои безараргардонӣ ба миқдори 220 адад ниқоби тиббӣ, 132 адад маҳлули антисептикӣ ва  6 адад либоси муҳофизатӣ ёрии башардӯстона расонида шуд.

Маъмурияти беморхонаи марказӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентии рушди байналмилалии ИМА барои дастрас намудани маводҳои безараргардонӣ миннатдорӣ баён карда, гуфтанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои солимии ҷомеа равона мекунанд. Ҳадафи кумаки аз ҷониби ташкилоти мазкур расида қабл аз ҳама ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19  равона гардида, бидуни шубҳа дар ҳалли проблемаи ба миён омада саҳми худро мегузорад.

Дар рӯзҳои наздик чунин лавозимоти тиббӣ ба Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҳам расонида мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here