Наздики 600 нафар сокини деҳаи Бобиёбод (Болшевик)-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён,  84 сол боз аз набудани муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, майдони варзишӣ дар маҳалли зисташон танқисӣ мекашанд.

Як гуруҳ сокинони ин маҳалла зимни суҳбат  ба хабарнигори «Фараж» гуфтанд, ки солҳост фарзандонашон 3-4 километр роҳро тай карда, ба муасссиаи таълимии №60 маҳаллаи  Чорбоғи ноҳия мераванд, ки кӯдакон дар фасли зимстон аз сардӣ ва дар тобистон аз гармӣ ранҷ мекашанд.

Дар баробари ин мушкил набудани бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ дар ин деҳа, сокинони ин русторо озурда кардааст.

Зимни тасдиқи ин хабар иҷрокунандаи раиси ҷамоати деҳоти Зарагар Абдулҳамид Абдулоев гуфт, аз мушкилии 84-солаи ин маҳала огоҳ аст. Ӯ қайд кард, ки дар маҳалаи Бобиёбод  «Болшевик»-и ҷамоат 93 хоҷагӣ бо шумораи 596 нафар аҳолӣ иқомат мекунад. Ҳоло аз ҳисоби масҷиде, ки дар ин маҳалла ғайрирасмӣ фаъолият мекарду он баста шудааст, филиали мактаби ибтидоӣ бунёд хоҳад шуд.

Манбаъ илова кард, ки хонандагони ин деҳа ҳамагӣ 100 нафарро ташкил медиҳанд, ки солҳост онҳо 3-4 километр роҳҳро тай карда ба деҳаи ҳамсоя мераванд.

— Аммо аз сабаби набудани замин дар ин деҳа бунёди  бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ ғаримкон аст. Сокинони деҳаи Бобиёбод барои муоилиҷа ба маҳалаи ҳамсоя мераванд, — гуфт ин шахси масъул.

Раиси ноҳияи  Кушониён Вализода Икромиддин низ дар як суҳбат қайд кард, ки худи ӯ ба ин маҳалла сафар карда бо аҳолии он аз наздик суҳбат кардааст.

— Масҷиди ин деҳа, ки  ғайрирасмӣ фаъолият мекард, баста шуда, қарори ба  мактаби ибтидоӣ табдил додани он баромадааст. Ният дорем ҳама мушкили  сокинони ноҳияро марҳила ба марҳила ҳал кунем, — илова кард раиси ноҳия.

Гарчанде, ки барои фарзандони маҳаллаи Бобиёбод баъди 84 соли таъсисёбии деҳа бунёди мактаб ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, аммо мушкили набудани бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ ҳамоно барои сокинони 600 нафараи ин маҳалла боқӣ хоҳад монд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here