Дар ноҳияи Кушониён дар арафаи ҷашни Навруз туйи арусии хайриявии 16 ҷуфт оилаи ҷавон баргузор мешавад.

Мутахасиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Аҳлидин Ашуров зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати ноҳияи Кушониён нисбати оилаҳои камбизоат мебошад.

Инчунин, ӯ афзуд, ки дар баробари ин ба садҳо оилаи ниёзманд, ятимон ва дигар ашхоси эҳтиёҷманди ноҳия дар арафаи ҷашни Навруз  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатманд, соҳибкорон ва ташкилоту идораҳо ёрии молӣ расонида мешавад.

Добавить комментарий