Дар пайи гузаронидани санҷишҳои назоратӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён соли гузашта фаъолияти 82 иншоот барои риоя нашудани талаботи санитариву эпидимиологӣ муваққатан манъ карда шуд.

Муртазо Ҳафизов кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки соли 2018-ум аз тарафи мутахассисони марказ дар дӯкону мағозаҳо, ошхонаву тарабхона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ 516 санҷиш гузаронида шуд. Гуфта шуд дар рафти санҷишҳо нисбати 207 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 33 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин баробар аз мағозаҳо беш 1925 килограмм  маводи хӯроквории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи умумии он 23 ҳазору 360 сомониро таршкил медиҳад.

Манбаъ зикр намуд, ки дар ин давра баъди муоинаи тиббӣ ва муайян намудани бемориҳо муваққатан  24 нафар коргарони ташкилоту идораҳо барои вазъи саломатиашон хуб набудан аз кор то барқарор шудани саломатиашон озод карда шуданд.

Директори Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён Шамсиддин Гулов гуфт, дар оянда кормандони марказ кӯшиш мекунанд, ки назоратро пурзӯр намоянд, зеро саломатии сокинон аз ҳама чизи гаронарзиш мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий