Маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорони ноҳияи Кушониён 5 миллиону 368 ҳазору 542 сомониро ташкил медиҳад, ки то рӯзи 26-июли соли равон 2  миллиону 700 ҳазораш пардохт шудааст. 

Омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Кушониён аз пардохт нашудани рухсатии меҳнатии худ изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки аз 1-уми август кор оғоз мешавад, аммо то кунун пули рухсатиро нагирифтаанд.

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Кушониён Чиллазода Азамҷон омили асосии нагирифтани пули рухсатии омӯзгоронро ворид нашудани маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ арзёбӣ кард.

Ин масъала дар нишасти матбуотии раиси навтаъини ноҳияи Кушониён Икромиддин Вализода низ аз тарафи намояндагони ВАО бардошта шуд. Дар ин маврид раиси ноҳия гуфт, ки ин аз вазъи иқдисодии ноҳия вобастагӣ дорад.

Раиси ноҳия қайд кард, ки аз ин масъала огоҳ ҳаст ва муовини раиси ноҳия ва сардори Раёсатро вазифадор кардааст, то масъаларо саривақт ҳал кунанд.

Добавить комментарий