Имрӯз як ҳавопаймои ҳомили ёрии башардӯстонаи Куриёи Ҷанубӣ дар майдони ҳавоии Тошканд фуруд омад. Ин ҳавопаймои дуюм аст, ки аз ин кишвар ба Ӯзбекистон ёрии башардӯстона интиқол медиҳад. Дар ин бора хабаргузории “Дунё” иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои ин манбаъ дар шумори кумакҳои башардӯстонаи мазкур таҷҳизоту дорувори тиббӣ, аз ҷумлаи катҳои тиббии механизмашон автоматикӣ, антисептикҳо, воситаҳои зиддиуфунӣ, ниқобҳо, васоили иловагии ғизоӣ барои баланд бардоштани масуният шомил мебошанд.

Гуфта мешавад, ки маблағи умумии ин мавод 192 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад ва бо ташаббуси ширкатҳои BOMI Engineering, LH Corporation, Evergreen Motors, Infinity Co. Ltd., ҳамчунин Донишгоҳи Шинхани Куриёи Ҷанубӣ роҳандозӣ шудааст.

Хабаргузории “Дунё” мегӯяд, ки дар ташкил ва фиристодани ин кумакҳои башардӯстона шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Куриёи Ҷанубӣ ба меҳнат ва таҳсил фаро гирифта шудаанд, иштирок кардаанд.

Куриёи Ҷанубӣ аз кишварҳое муаррифӣ шудааст, ки бо Ӯзбекистон солҳои зиёд боз ҳамкориҳои бисёрҷониба пиёда мекунад. Тибқи ниёзи Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон ин кишвар 34 тонна кумаки башардӯстона бо маблағи 1 миллион доллари амрикоиро ихтисос додааст.

Интиқоли ин кумакҳо ба далели пахшу паҳни коронавирус дар Ӯзбекистон вобаста арзёбӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, ки то нимарӯзи 11 майи бо илова шудани боз 34 нафари ба коронавирус сироятшуда дар ин кишвар, теъдоди умумии беморон ба 2453 нафар расид.

Теъдоди сиҳатшудагон аз ин вирус бештар аз 1370 нафарро ташкил медиҳанд. То 11-уми май 10 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Бо вуҷуди он ки қаблан Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус муддати ниҳоии карантинро то 10-уми май муқаррар карда буд, аммо ҳанӯз дар Ӯзбекистон қоидаҳои карантин устувор боқӣ мондааст. Танҳо баъзе маҳдудиятҳо коҳиш дода шуданд ва ҳоло мардуми зиёд машғули кору зиндагӣ мебошанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий