Дар соли 2019 дар натиҷаи офатҳои табиӣ, дар ҷумҳурӣ 136 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст. Аз ин 22 хона пурра ва 114 хона қисман хароб гардид. Хисорат 31 миллиону 357 ҳазору 300 сомониро ташкил додааст.

Ин маълумотро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданї Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, 6-уми феврал, баён кард. Ӯ афзуд, ки ҳаҷми қисме аз ин хисороти мардум ҷуброн гардидааст.

– Дар мавзеи Сурхоби ноҳияи Фархор соли 2017 сел омада буд. Мо ҳамаи шахсони хисоротдидаро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин кардем, – гуфт Рустам  Назарзода. – Кумита мардумро огоҳ карда буд, ки хонаҳояшонро бе таҳкурсӣ бунёд накунанд. Мутаасифона, соли 2019 низ дар ҳамин минтақа сел омад. 3 хонаро сел шуст, ки таҳкурсӣ надоштанд. Боқї хонаҳо зарар надиданд. Дар робита ба минтақаи хатарнок будани мавзеи Сурхоб, 22 хона аз ин ҷо кӯчонида шуда, дар як мавзеъ бунёди хонаҳо дар ҳоли анҷомёбист.

Раиси Кумита ҷузъиёти таъхиркории баъзе аз кормандонро дар зуд расидан ба ҷойи ҳодиса, тасдиқ кард. Ӯ илова намуд, ки нисбати роҳбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ Худоев Аслон, соли гузашта бинобар сабаби зуд ва бо таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар накардани кормандон, ҷазои интизомӣ андешида шуд.

Шаҳноз Ализода,

Фараж

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here