Вобаста ба кам гардидан, ё нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Муқим 12- уми феврал дар нишати матбуотии кумитаи мазкур гуфт, ки дар корхонаҳои бузург ва ширкатҳои мобилӣ, бо далели дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе ашё ва моли ба содирот нигаронидашуда ва вобаста ба ин кам гирифтани даромад аз ҷониби чанд корхонаҳои саноатӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон ба буҷет нисбат ба нақшаи тасдиқшуда зиёда аз 516, 0 миллион сомонӣ маблағҳо ворид нагардид, ки 432,0 миллион сомонии он ба ширкатҳои мобилӣ рост меояд.

Нусратулло Муқим афзуд, ки ба ҳисоби 1-уми январи соли 2020-ум 144,0 миллион сомонӣ қарзи солҳои қаблӣ ба буҷаи андоз баргардонида шуданд. Дар ҳамин давра дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳо  то 15  миллион сомонӣ аз андоз қарздор шуданд.

Дар масъалаи обунаи маҷбурии нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андоз роҳбари ин ниҳод таъкид кард, ки обунашавӣ ба нашрияи мазкур маҷбурӣ набуда, бо хоҳиши худи шаҳрвандон сурат мегирад. Баъзе ҳолатҳои шикояти шаҳрвандон бобати иҷборан обунакунӣ ба Кумита ворид шудааст, ки кормандон дар ин самт чораандешӣ мекунанд. Нусратулло Муқим нашрияи “Боҷу хироҷ”- ро ягона роҳи ба мардум дастрас кардани иттилооти андоз ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум донист.

Дар бобати имтиёзҳои андозӣ Нусратулло Муқим гуфт, ки соли 2019 ба андозсупоридагон 240 номгӯй имтиёз дода шудааст. Ӯ илова кард, ки имтиёзе, ки Кумитаи андоз ба хоҷагиҳои деҳот додааст дар ягон кишвари дунё мавҷуд нест.

Ба гуфти Нусратулло Муқим дар соли 2019, зиёда аз 22 ҳазору 700 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 160,3 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурии татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 130,0 миллион сомонӣ маблағҳо ворид карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here