“Дарозумртарин одами сайёра Ватанабэ Титэсуи ҷопонӣ дар 112-солагӣ 23-юми феврал фавтидааст”, – дар ин бора субҳи имрӯз ОИР “Новости”  хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар хонаи пиронсолони устони Нииагата ҷон додааст. Марҳум  ду ҳафта пеш аз марг, 12-уми феврал, ҳамчун дарозумртарин одами сайёра ба рӯйхати рекордҳои китоби Гинес ворид гардида буд.

Манбаъ овардааст, ки  Ватанабэ 5-уми марти соли 1907 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст ва дар 20-солагиаш ба Тайван рафта, он ҷо 18 соли умрашро гузаронида будааст. Пеш аз ӯ аз ҳама пиртарин дар ҷаҳон як ҳамватани дигараш Масадзо Нонака аз ҷазираи Хоккайдо маҳсуб меёфтааст, ки вай низ дар синни 113-солагӣ, 20 январи соли 2019, аз дунё гузашта буд.

Тибқи омори соли 2015 дар Ҷопон шумори аҳолии аз 80-сола боло 10 миллион нафарро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки куҳансолтарин шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова 127 сол умр дошт, ки 25-уми январи соли ҷорӣ аз олам даргузашт.

Добавить комментарий