Дирӯз  ширкати амрикоии биотехнологии “Moderna” натиҷаҳои қаноатбахши аввалин санҷиши клиникавии воксин аз коронавирусро эълом дошт. Санҷиши он дар ихтиёриён оғози  моҳи апрел сурат гирифта буд.

Тавре дар изҳороти ‘Moderna” қайд шудааст, дар давраи аввали беморӣ безарар будани дору муқаррар шуда, қабули он бе душворӣ сурат гирифтааст. Ширкат нақша дорад, ки санҷиши воксин ба беморони давраи ниҳоиро моҳи июл ба роҳ монад.

Оҷонсии “Reuters”  менависад, ки баъди нашр шудани натиҷаҳои аввалин нархи саҳмияҳои ин ширкат 25 % боло рафт.

коронавирус, сироят, воксин

Добавить комментарий