Баъди сипарӣ гардидани чанд сол имконпазир аст, ки COVID-19 заифтар гардад. Дар ин бора директори Пажуҳишгоҳи тиббии паразитологӣ, профессори Академияи илмҳои Русия Александр Лукашев дар суҳбат бо шабакаи “Россия-1” гувоҳӣ додааст.

Ӯ гуфт, шояд ин вазъ  то тирамоҳ анҷом ёбад.

– Вирус то ҳол суст нашудааст, барои паст шудани он вақт мехоҳад. Агар коҳиш ёбад ҳам, он дар мавсими тирамоҳ рост меояд. Аниқ нест, ки кай сусттар шавад, – гуфтааст профессор.

Геншинос Валерий Илинский дар тақвияти изҳороти профессор гуфт, ки шояд дар тирамоҳ кам шудани фаъолии вирус иттифоқ наафтад.

Дар Русия зиёда аз  106 ҳазор сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб 1073 нафар фавтидаанд. Зиёда аз 11 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here