Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Русия дар рӯзи 27-уми март шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ин кишвар, ки 840 нафар буданд, ба 1 ҳазору 36 нафар дар як рӯз афзоиш ёфтааст.

ТАСС хабар медиҳад, ки дар Маскав шумораи мубталоён 703 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар пойтахти ФР дар як рӯз як ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи минтақаҳои Русия, ки дар он минтақаҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус ошкор карда шудааст, аз 56 ба 58 расидааст.

Тибқи охирин маълумот дар саросари ҷаҳон шумораи умумии сироятёфтагони намуди нави коронавирус 532 ҳазору 224 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди  фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва шумораи онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошад.

Ба маълумоти СУТ коронавирус дар 195 кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here